Иҷораи манзил

Қонунгузорӣ:

Жилищный кодекс Российской Федерации от 29.12.2004 N 188-ФЗ (Кодекси манзили Федератсияи Россия аз 29.12.2004 № 188-ФЗ)–
Гражданский кодекс Российской Федерации (часть вторая)” от 26.01.1996 N 14-ФЗ  (Кодекси граждании Федератсияи Россия (қисми дуюм) аз 26.01.1996) боби 35 Иҷораи манзили истиқоматӣ.
“О миграционном учете иностранных граждан и лиц без гражданства в Российской Федерации” (Федеральный закон от 18.06.2006 г. N 109-ФЗ) (Дар бораи сабти баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия, Қонуни федералӣ аз 18.06.2006 №109-ФЗ)

Њангоми ба иљора гирифтани манзил бояд њамеша шартномаи расмї баст. Бе шартнома истиќомат кардан боз хатаре дорад, ки дар ваќти тафтиш Шуморо метавонанд барои вайрон кардани ќоидањои истиќомат дар ФР љарима банданд. Хеле муњим аст, ки љониби ќабулкунанда Шуморо дар суроѓаи зисти воќеї ё љои кор ба ќайд гирад – дар ин њолат Шумо худро аз хавфи вайрон кардани ќоидањои муњољират эмин мегардонед.

Бо розигии шифоњии њамшањриёнатон дар манзили онњо сокин нашавед – аз онњо шартномаи иљора талаб кунед, эњтимод онњо худ иљоранишин ва њаќќи ба иљора доданро надошта бошанд, чунки соњибхона нестанд. Ба соњибхонањо њуљљатњои худро њамчун гарав ё барои нигоњдорї надињед, њељ кас ба ѓайри Шумо њуќуќи нигоњдории шиносномаатонро надорад.

Вариантњои асосии иљораи манзил дар Россия: иљораи мустаќилона ба воситаи агентињои амволи ѓайриманќул; иљораи манзил мустаќиман аз соњибмулкон; љойгиршавї дар хобгоњњои умумї ё манзилњои муваќќатї, аз љумла, бо ёрии кордињанда.

Агар ба Шумо иљораи бе шартнома пешнињод кунанд, хеле хатар дорад: соњиби хона ё миёнарав метавонанд то анљоми муњлати иљора дар њар лањза Шуморо ронанд ва кафолатпулиро њам надињанд!

Соњиби хона бояд њатман Шуморо ба ќайд гирад, яъне, дар бањисобгирии муњољират дар суроѓаи воќеии зист Шуморо гузорад.

– дар муддати 7 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудан – агар ин шаҳрванди ФР ё хориҷии доим дар ФР истиқоматкунанда бо иҷозати истиқомати доимӣ бошад;

– дар муддати 1 рӯз – агар меҳмонхона ё хобгоҳи ягон ширкат бошад.

Асоси истиқомати Шумо дар хона ё ҳуҷраи иҷора шартнома дар бораи иҷораи бинои истиқоматӣ, варақаи сабти муҳоҷират (регистратсия) бо суроғаи истиқомататон ба ҳисоб мераванд.

Дар сурати аз тарафи соҳибмулкони хона вайрон карда шудани ҳуқуқҳои Шумо, аз ҷумла, ғайриқонунӣ рондан ё маблағҳои иловагӣ талаб кардан берун аз шартномаи иҷора – ба политсия, мировой суд (суди салоҳ) ё ба Роспотребнадзор (дар ҳолате, ки манзилро ба Шумо ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ ба иҷора дода бошад) муроҷиат карда метавонед.

Ширкатњои бисёре њастанд, ки дар хобгоњњои коргарон ва њостелњои шањр љой пешнињод мекунанд. Ин ширкатњоро дар интернет ба осонї ёфтан мумкин аст. Пеш аз имзо кардани шартномаи иљора њатман бо шароити зист дар хобгоњ ё њостели мушаххас шинсо шавед.

Қоидаҳои санитарии меъёри истиқоматро риоя кунед – ба ҳар одам бояд на кам аз 6 метри квадратӣ майдони истиқоматӣ рост ояд. Вайрон кардани меъёрҳои санитарии истиқомат мушкилоти зиёдро пеш меоварад: бадшавии саломатии иҷорагирандагон, фарсуда ё шикаста шудан амволи хона, муноқишаҳо бо ҳамсояҳо ва соҳиби хона, тафтишҳои политсия.

Сайтҳои нисбатан машҳури интернетӣ барои мустақилона иҷора гирифтани манзил дар Россия: https://realty.yandex.ru (Яндекс.Недвижимость) 

https://www.cian.ru/ (ЦИАН) 

https://www.avito.ru (Авито) 

https://www.bn.ru (Бюллетень недвижимости)

Дар ҳолате, ки манзилро ба Шумо ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ ба иҷора дода бошад, оид ба поймолшавии ҳуқуқҳоятон ба Роспотребнадзор шикоят карда метавонедhttps://www.rospotrebnadzor.ru/