Муносибат бо политсия

Кормандони политсия бояд тартиботро дастгирӣ кунанд, ҳуқуқу озодиҳои одамонро сарфи назар аз мансубияташон ба миллат, қавм, дин ва ғайра риоя намоянд.

Қоидаҳои рафтор ва салоҳияти кормандони политсияро дар ФР  Қонун «Дар бораи политсия» (Қонуни федералӣ № 3-ФЗ аз 07.02.2011) муайян мекунад.

! Агар Шумо шоҳид ё қурбонии ҷиноят шудед, ба политсия муроҷиат кунед.

Политсия –  02; 102  ё 112. Сайт – www.мвд.рф

Тафтиши ҳуҷҷатҳо

Ҳамеша ҳамроҳи худ ин ҳуҷҷатҳоро гиред:

  • шиноснома
  • корти муҳоҷират
  • сабти қайд (қайди ба ҳисоби муҳоҷирӣ гирифтан, регистратсия)

патенти кор бо чекҳои пешпардохти маблағҳои андоз (барои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ЕАЭС –  Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон).

  • полисҳои ҳақиқии суғуртаи ихтиёрӣ (ДМС) ё ҳатмии (ОМС) тиббӣ.

! Ҳатман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ кунед ва алоҳида аз ҳуҷҷатҳои аслӣ нигоҳ доред – дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳо онҳоро барқарор кардан осонтар мешавад.

Ҳуҷҷатҳоро танҳо он кормандони политсия ҳуқуқи тафтиш кардан доранд, ки айни замон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бошанд. Онҳо бояд либоси полисӣ ва нишони махсуси сарисинагӣ (жетон) дошта бошанд – рақами онро дар хотир гиред ё нависед.

 

Корманди политсия ҳангоми ба Шумо муроҷиат кардан бояд:

– рутба, вазифа ва насаби худро гӯяд

– шаҳодатномаи худро бо талаби Шумо нишон диҳад

– сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳоро фаҳмонад (б.4 моддаи 5 Қонун «Дар бораи политсия»).

 

Корманди политсия метавонад ба ҳаққонӣ будани ҳуҷҷатҳои Шумо шубҳа кунад. Дар ин ҳолат аз Шумо хоҳиш мекунад, ки ҳамроҳаш барои санҷиши ҳуҷҷатҳо аз махзани маълумот ба наздиктарин нуқтаи политсия равед. Агар чунин шуд, ба хешовандон ё дӯстонатон занг занед ва бигӯед, ки дар куҷо ҳастед ва бо кӣ суҳбат доред. Бисёр муҳим аст, ки ягон кас аз аҳволатон огоҳ бошад!

!Дар хотир дошта бошед – пора додан ҷиноят аст. Ба корманди политсия пул надиҳед!

Кормандони политсия ва Раёсати муҳоҷират ҳуҷҷатҳои Шуморо ҳангоми рейдҳои махсус ҳам тафтиш карда метавонанд. Аз рӯи натиҷаҳои тафтиш кормандон санад ва агар қонунвайронкуниҳо ошкор шуда бошанд, дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ё боз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб медиҳанд. Як нусхаи санад ё протокол ҳатман ба дасти гумонбар дода мешавад.

Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар соҳаи муҳоҷират метавонанд фақат кормандони раёсати муҳоҷират тартиб диҳанд.

Бо сабаби хатари амалиётҳои террористӣ дар даромадгоҳи метро ё вокзал кормандони  политсия, метро ё вокзалҳо метавонанд аз Шумо хоҳиш кунанд, ки ба воситаи чорчӯбаҳои муҳофизатӣ ворид шавед ё бағоҷи худро аз детектори махсус гузаронед. Ин амалҳо қонунӣ мебошанд.

Дар ҳолати боздошт:

Шахси боздоштшуда ба гуфтугӯи телефонӣ ҳуқуқ дорад (б.7 моддаи 14 Қонун «Дар бораи политсия»).

То қарори суд шаҳрванд набояд ба муҳлати беш аз 48 соат боздошт карда шавад.

Дар бораи боздошт протокол тартиб дода дар он корманди политсия ин маълумотҳоро менависад:

– сана, вақт ва ҷои тартиб додани протокол;

– вазифа, насаб ва номи корманди политсия, ки протокол менависад;

– маълумот дар бораи боздоштшуда, сана, вақт, ҷой, асос ва сабаби боздошт (б. 14 моддаи 14 Қонун «Дар бораи политсия»).

Ба протоколи боздошт корманди политсия, ки онро тартиб додааст, имзо мегузорад.

Агар Шуморо боздошт карда, протокол тартиб доданд, хоҳиш мекунанд, ки Шумо ҳам имзо гузоред.  Шумо пеш аз имзо кардан ҳатман онро хонед.

Агар Шумо бо мазмуни протокол розӣ набошед, нависед – «бо протокол розӣ нестам» ва сабабашро нишон диҳед. Масалан: «барои он ки амалҳои дар протокол сабтшударо содир накардаам».

Агар Шумо забони русиро нағз намефаҳмед ва бо хоҳиши Шумо тарҷумон пешниҳод накардаанд, Шумо метавонед инро дар протокол нависед. Масалан: «матни протоколро бо забони русӣ намефаҳмам». Шумо инро дар протокол бо забони русӣ (ё бо забони модариатон ҳам) навишта метавонед.

Агар Шумо имзо кардан дар протоколро рад намудед, корманди политсия дар протокол ҳатман инро бояд сабт кунад (б.15 моддаи 14 Қонун «Дар бораи политсия»).

Ҳатман талаб кунед, ки нусхаи протоколи боздоштро ба Шумо диҳанд  – кормандони политсия вазифадоранд, ки бо талаби Шумо нусхаро диҳанд (б.15 моддаи 14 Қонун «Дар бораи политсия»).

Кормандони политсия ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои Шуморо ҳамчун замонати пардохтани ҷарима ё дигар пардохтҳо гиранд – ин ғайриқонунист!

Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар соҳаи муҳоҷират метавонанд фақат кормандони раёсати муҳоҷират тартиб диҳанд. Тартиб додани протокол маънии онро надорад, ки Шумо ҳатман ҷарима супоред Парванда бояд бо иштироки Шумо дар суд ё шуъбаи ноҳиявии УВМ МВД баррасӣ шавад.  Ба Шумо бояд қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ диҳанд, ки онро Шумо бояд ё иҷро кунед, ё дар муҳлати 10 рӯз аз болои он ба суд шикоят намоед.

 

! Талаб кардани пардохти ҷарима бе қарор – ғайриқонунӣ аст!

Агар Шуморо ғайриқонунӣ боздошт карда, ғайриқонунӣ дар политсия нигоҳ медоранд, ба Общественная наблюдательная комиссия (ОНК) – Комиссияи ҷамъиятии мушоҳида (КҶМ) муроҷиат кунед. Аъзои комиссия ҳуқуқ доранд, ки шароити боздошти шаҳрвандони хориҷиро тафтиш кунанд, инчунин метавонанд ба Шумо ёрии бепули ҳуқуқӣ расонанд.

Общественная наблюдательная комиссия (ОНК)  – Комиссияи ҷамъиятии мушоҳида:

– Ленинградская обл. – 8 (911) 955-08-52leningradskajaoblast.onk.su

https://vk.com/onk_lo

Адрес:  195197, Санкт-Петербург, улица Замшина, дом 6
Электронная почта: onklo47@mail.ru

Телефон секретаря:  8 (911) 955-08-52 Елагина Ольга Николаевна

 

Шикоят аз амали кормандони политсия

Агар кормандони политсия ҳуқуқҳои Шуморо поймол кунанд, қабули аризаро рад намоянд, вазифаи хизматии худро иҷро накунанд, пора талаб кунанд, ё зӯроварӣ намоянд, метавонед барои гирифтани ёрӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ муроҷиат намоед:

– ба ГУ МВД (раёсати шаҳрии ВКД), бо телефонҳои 112 ё 02;

– ба наздиктарин шуъбаи политсия;

– ба наздиктарин шуъбаи ноҳиявии МВД РФ (ВКД ФР).

 

«Горячая линия» МВД РФ (“Хатти доғ”и ВКД ФР): 8 (800) 222-74-47

«Телефон доверия» ГУ МВД России (“Телефони боварӣ”-и Раёсати шаҳрии ВКД Россия) по г. Санкт-Петербургу и Ленинградской области: 8 (812) 573-21-81

Дежурная часть ГУ МВД России (Қисми навбатдории ГУ МВД России) по г. Санкт-Петербургу и Ленинградской области: 8 (812) 573-20-49

 

Аз болои ҷиноятҳои кормандони политсия ба ин ҷо муроҷиат кунед: Оперативно-розыскная часть собственной безопасности МВД России:

Главное управление собственной безопасности МВД России: 8 (495) 667-07-30

Оперативно-розыскная часть УСБ ГУ МВД России по Санкт-Петербургу и Ленинградской области: 8 (812) 541-02-02

Дар сурати беамалии кормандони политсия, вайрон кардани тартиби баррасии шикоятҳо дар бораи амалҳои кормандони политсия ба Прокуратура муроҷиат кунед:

Ленинградской обл.: 8 (812) 429-77-55.

Ба таҳқиқи ҷиноятҳои коррупсионии кормандони политсия  Главное Следственное Управление Следственного комитета РФ машғул аст:

по Ленинградской обл.: 8 (800) 200-97-80.

 

Уполномоченный по правам человека (Ваколатдори ҳуқуқи инсон)

в Ленинградской обл.: 8 (812) 296-60-13.

 

Дар сурати додани ариза муассисаҳои давлатӣ вазифадоранд, ки на дертар аз 30 рӯз ба Шумо ҷавоб диҳанд.

 

Ёрии бепули ҳуқуқӣ

в Санкт-Петербурге и Ленинградской обл.: БФ «ПСП-фонд»  +7 (812) 337-57-85, +7 (953) 141-31-09., www.psp-f.org