Иҷозати истиқомати муваққатӣ, истиқомат ва шаҳрвандии Федератсияи Россия

ИИМ (иҷозати истиқомати муваққатӣ)

Агар Шумо ҳаёт ва тақдири худро бо Федератсияи Россия пайваста, дар оянда шаҳрвандии Россияро қабул карданӣ бошед, метавонед ба Раёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ – ИИМ (разрешения на временное проживание – РВП) дар он минтақаи ФР, ки ба қайд гирифта шудаед, муроҷиат кунед. Иҷозати истиқомати муваққатӣметавонад ба шаҳрванди хориҷӣ ё дар доираи квотаи ҳар сол барои ин минтақа ҷудо гардида, ё берун аз квота (агар асоси кофӣ бошад) дода шавад. Азбаски квота он қадар зиёд нест, аризаро барои гирифтани ИИМ дар аввали сол додан беҳтар аст.Квота барои додани иҷозати истиқомати муваққатӣ маъмулан дар минтақаҳои сераҳолии ФР, махсусан, дар Москва ва Санкт-Петербург хеле кам, вале дар минтақа ва вилояти камаҳолии Россия хеле зиёд аст. Ба иттилооти сайтҳои расмии минтақавии РММ ВКД дар аввали сол таваҷҷуҳ кунед, ки маълумотро оид ба тартиб ва тарзи тақсимоти квота барои ИИМ ва қабули ариза ҷой медиҳанд.ИИМ ба шаҳрванди хориҷӣҳуқуқ медиҳад, ки то анҷоми муҳлати амалаш дар ҳудуди ФР доимӣ ва бидуни баромадан истиқомат кунад, бе патент расман ба фаъолияти корӣ машғул шавад, озодона дар ҳудуди ФР гаштугузор намояд, инчунин барои соҳиби ҳуҷҷати истиқомат шудан ариза диҳад ва баъдан шаҳрвандии ФР-ро гирад.Иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба муҳлати 3 сол дода мешавад, аризаҳо дар шуъбаҳои ноҳиявии РШММ ВКД қабул карда мешаванд. Аризаҳо ба тариқи навбат дар оғози сол номнавис ва баъдан дар муҳлати 2 моҳ баррасӣ карда мешаванд.Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

        – Ариза дар бораи додани иҷозати истиқомати муваққатӣ, дар 2 нусха.Бланк заявления/образец заполнения;         – Акси 35х45 мм 4 дона, (беҷило), аз ҷумла, акси фарзандон, ки дар ариза номбар шудаанд.        – Шиноснома ва тарҷумаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқ кардаи он (агар то анҷоми муҳлати амали ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият камтар аз 6 моҳ монда бошад, ариза қабул карда намешавад).        – Корти муҳоҷират бо қайди санаи гузаштан аз сарҳад.        Қайди ҷои истиқомат – регистратсия(огоҳнома дар бораи гузоштан дар қайди муҳоҷират).        – Сертификат дар бораи аз ВИЧ сироят наёфтани аризадиҳанда (аъзои оилаи ӯ).Сертификат дар муҳлати се моҳи аз ташхис гузаштан эътибор дорад.        – Маълумотномаи тиббӣ, ки аризадиҳанда ва аъзои оилаи ӯ нашъаманд нестанд ва гирифтори бемориҳои сироятӣ: ВИЧ-сироят, лепра, сил, сифилис, лимфогранулемаи хламидӣ (венерикӣ), шанкроид намебошанд.        Хулосаи тиббӣ, ки баъди 26.06.2020 дода шудааст, бояд натиҷаҳои таҳлили COVID-19-ро дошта бошад.         – Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва ҳуҷҷате, ки шахсияти кӯдаки то 18-соларо тасдиқ мекунад ва нусхаи он.        – Розигии кӯдаки аз 14-18-сола барои ба Россия барои истиқомат кӯчидан. Имзои кӯдак дар ҳуҷҷат бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шуда бошад.        – Расид (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ– 1600 рубл.

Ҳангоми дархости гирифтани ИИМ (РВП) шаҳрванди хориҷӣ бояд донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россияро исбот кунад. Барои тасдиқи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия шаҳрванди хориҷӣ бояд яке аз чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад:

1) сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия;

Дар марказҳои махсуси санҷишӣ аз санҷиш гузашта, сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР-ро гирифтан мумкин аст. Рӯйхати ҳамаи марказҳои салоҳиятдори санҷиширо дар Россия ва хориҷа Шумо метавонед аз сайти РММ ВКД Россия дарёфт кунед:https://гувм.мвд.рф/.Гирифтани маълумот дар бораи санҷиш ва мустақилона ба он тайёр шудан аз сайти «Российский тестовый консорциум» http://testcons.ruимконпазир аст.Дар сайти http://testmigr.ru/ Шумо метавонед худро санҷед ва сатҳи донишатонро муайян кунед.2) ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи маълумот (дар сатҳи на камтар аз таҳсилоти асосии умумӣ), ки аз тарафи муассисаи таҳсилот дар ҳудуди давлати ба СССР дохилбуда то 1 сентябри соли 1991 дода шудааст;3) ҳуҷҷат дар бораи маълумот ва (ё) ихтисос, ки ба шахсони аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 1 сентябри соли 1991 гузашта, дода шудааст.Гурӯҳҳои зерини шаҳрвандони хориҷӣ аз тасдиқ кардани сатҳи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия озод мебошанд:1) шаҳрвандони хориҷии ғайри қобили амал ва қобилияти амалашон маҳдуд;2) шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;3) шаҳрвандони хориҷӣ– мардоне, ки ба синни шаступанҷсолагӣ расидаанд;4) шаҳрвандони хориҷӣ – заноне, ки ба синни шастсолагӣ расидаанд;5) шаҳрвандони хориҷие, ки иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Федератсияи Россия мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба Федератсияи Россия кӯч мебанданд;6) шаҳрвандони хориҷӣ– мутахассисони баландихтисос ва аъзои оилаи онҳо, ки барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ ариза додаанд;7) шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо сабаби эътирофи ҳомилони забони русӣ (русзабон) буданашон барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ ариза додаанд.Ҳангоми баррасии муроҷиатҳо барои гирифтани ИИМ ба сатҳи дониши забони русӣ, доштани маълумоти олӣ, даромади расмӣ ва дар ФР доштани ҷои расмии кор аҳамият медиҳанд; Шумо бояд вайронкуниҳои реҷаи муҳоҷират ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ надошта бошед. Шумо инчунин дар бораи маҳз дар кадом суроғаи минтақаи Россия истиқомат карданатон маълумот пешниҳод кунед ва баъдан бояд дар ҳамон суроға расман худро ба қайд гузоред. Эҳтиёт – барои омода кардани ИИМ ба миёнравон муроҷиат накунед! Онҳо бо муҳриқалбакӣ ИИМ медиҳанд; дар сурати фош шудани ИИМ-и қалбакӣ Шуморо метавонанд барои барқасдона сохтани ҳуҷҷатҳо айбдор кунанд ва ба муҳлати то 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намоянд (қ.3 мод.327 КҶ ФР) – ва роҳи гирифтани шаҳрвандии Россия бароятон баста мегардад!Шумо метавонед барои омода кардани ИИМ ба шакли электронӣҳам ариза диҳед. Барои донистани тартиби ин кор ба сайти зерин муроҷиат кунед:www.gosuslugi.ruБарои гирифтани ИИМ берун аз квота шахсоне, ки асосҳои зерин доранд, муроҷиат карда метавонанд: – онҳое, ки дар ҳудуди РСФСР таваллуд шудаанд ва дар гузашта шаҳрванди СССР буданд;- онҳое, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия таваллуд шудаанд;- шахсони ғайри қобили меҳнат, ки писар ё духтари қобили амали соҳиби шаҳрвандии Россия доранд;- муҳоҷироне, ки лоақал яке аз волидашон шаҳрванди ФР бошад;- шахсе, ки дар никоҳи шаҳрванди Россия, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди ФР зиндагӣ мекунад, бошад;- муҳоҷироне, ки бачаҳои соҳиби шаҳрвандии Россия дошта бошанд;- шахсони то 18-сола, ки барои таҳияи ИИМ парасторон, волидхондаҳо, волидонашон ариза додаанд;- шахсони ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаи 18-сола ва аз он боло, ки барои таҳияи ИИМ парасторон, волидхондаҳо, волидонашон ариза додаанд;- онҳое, ки тибқи шартнома ба хизмати ҳарбӣ даромадаанд – дар муддати хизмати ҳарбӣ;- шахсоне, ки иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Федератсияи Россия мебошанд;– шаҳрвандони давлатҳои собиқ СССР, ки маълумоти олӣ ва ё миёнаи касбиро дар муассисаҳои давлатии таҳсилотии ФР гирифтаанд – бо пешниҳоди дипломи мувофиқ;- шаҳрвандони Украина, ки гуреза эътироф шудаанд ё дар ҳудуди Федератсияи Россия паноҳгоҳи муваққатӣ гирифтаанд;

– муҳоҷирон аз Латвия ва Туркманистон ба Федератсияи Россия мутобиқи шартномаҳои ибайналхалқӣ.

Ҳамаи асосҳои номбаршударо мутаносибан бо ҳуҷҷатҳои дахлдор исбот намуда, ба РММ ВКД ФР пешниҳод кардан зарур аст: асли ҳуҷҷатҳо баргардонда, нусхаҳояшон ба ариза замима карда мешаванд.Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодмешуда бо забони хориҷӣ бошанд, тарҷумаи аз тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи онҳоро ба забони русӣпешниҳод кардан даркор аст.Шаҳрванди хориҷӣ, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ дар ФР гирифтааст, бояд доимӣ дар ҳамон минтақае зиндагӣ ва кор кунад, ки дар ИИМ сабт шудааст, инчунин мунтазам дар муҳлати ду моҳ то анҷоми соли навбатии истиқомат ба шуъбаи ҳудудии РММ ВКД дар бораи истиқомати худ дар Федератсияи Россия маълумот ва дар бораи сарчашмаи даромадаш дар ФР ҳуҷҷат пешниҳод кунад. Маълумоти муфассалро оид ба тартиби додани ариза барои гирифтани ИИМ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ин сайт донистан ва боргирӣ кардан мумкин аст: Главного управления по вопросам миграции МВД России.Агар Шумо баромади россиягӣ дореду ба Федератсияи Россия кӯчидан ва шаҳрвандии Россияро гирифтан мехоҳед, Шумо ва аъзои оилааатон метавонед аз барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанон баҳравар шавед. Иштирок дар барномаи давлатӣ имкон медиҳад, ки дар муддати 6 моҳ шаҳрвандии Россияро соҳиб шавед. Муфассалан дар бораи барномаи давлатӣ, минтақаҳои ФР дар сайти Барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанон дар ФР, портали “Соотечественники” шинос шавед: www.aiss.gov.ru.