Бақайдгирии муҳоҷирон

Агар Шумо шаҳрванди хориҷӣ буда, ба Россия омада бошед, бояд аз қайди муҳоҷирати меҳнатӣ (сабти ном) дар ҷои омадаатон дар муҳлати 7 рӯзи корӣ гузаред (барои шаҳрвандони Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон – 30 рӯз, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 15 рӯз).

Дар ҳамон минтақае аз қайди муҳоҷират гузаштан лозим аст, ки дар он кор ва зиндагӣ мекунед.

! Дар ҷое аз қайди муҳоҷират гузаштан лозим аст, ки воқеан дар он ҷо зиндагӣ мекунед, вагарна Шуморо метавонанд ба ҷавобгарӣ барои вайрон кардани режими муҳоҷират кашанд ва ҷарима кунанд!

Шуморо Ҷониби қабулкунандае, ки бароятон бинои истиқоматӣ пешкаш мекунад, аз қайди муҳоҷират гузаронида метавонад:

  • шаҳрванди ФР, ки дар минтақаи Шумо қайди доимӣ дорад;
  • шаҳрванди хориҷӣ, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди ФР зиндагӣ мекунад;
  • шахси ҳуқуқӣ: ташкилоти кордиҳанда, меҳмонхона.

Ба Шумо чунин ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳо зарур мебошанд:

– шиноснома;

– корти муҳоҷират;

– полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ,

– нусхаи ҳуҷҷате, ки истифодаи манзили истиқоматиро аз тарафи Шумо тасдиқ мекунад (масалан, шартномаи иҷораи манзил).

Ба қайди муҳоҷират мондан:

1) Варақа-огоҳиро дар бораи омадани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои истиқомат пур кардан. Онро аз суроғаи https://мвд.рф/Deljatelnost/emvd/guvm/осуществление-миграционного-учета,  ё аз ин ҷоҳо бепул гирифтан мумкин аст:

  • дар шуъбаҳои ҳудудии Управления по вопросам миграции ГУ МВД России по Санкт-Петербургу и Ленинградской области  https://78.мвд.рф/ms;
  • дар марказҳои бисёрҷабҳаи пешниҳоди хизматҳои давлатӣ (МФЦ). Единая справочная служба МФЦ: 8-800-500-00-47 http://mfc47.ru/ ;
  • дар шуъбаҳои ФГУП «Почта России» https://www.pochta.ru/.

Дар ҳарду қисми варақа бояд суроғаи ҷойи омада, маълумоти шахсии тарафи қабулкунанда ва шаҳрванди хориҷӣ сабт карда шаванд. Тарафи қабулкунанда дар варақа имзо мегузорад. Агар тарафи қабулкунанда ташкилот бошад, муҳр ва имзои роҳбари он гузошта мешавад.

2) Варақаро бо нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба воситаи  ФГУП «Почта России» ба Управление по вопросам миграции ГУ МВД России фиристонидан даркор аст.

Варақаро ба шуъбаи Управления по вопросам миграции ГУ МВД России  ва МФЦ бепул фиристонидан мумкин аст. Кормандони МФЦ варақаро  ба Управление по вопросам миграции бепул дастрас мекунанд.

3) Қисми буридашудаи варақаро бо қайди қабули ҳуҷҷат аз тарафи кормандони Управления по вопросам миграции ГУ МВД России, МФЦ или ФГУП «Почта России” гирифтан ва нигоҳ доштан лозим аст.

Баъди кор ёфтан қайди муҳоҷиратро мувофиқи муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ (барои шаҳрвандони ЕАЭС) ё патенти пардохтшудаи кор дароз кардан лозим аст!

Агар Шумо қоидаҳои бақайдгириро вайрон кунед, Шуморо ҷарима ба маблағи аз 5 то 7 ҳазор рубл бо эҳтимоли рондан аз Россия ва манъи вуруд ба муҳлати 5 сол таҳдид мекунад (моддаи 18.8 қ.3 ва моддаи 19.27 қ.3 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР).