Чӣ тавр бояд қурбонии қаллобон нашуд
Шаҳрванди хориҷие, ки ба Россия барои кор кардан меояд, ҳатман дар корти муҳоҷират мақсадашро кор – «работа» нависад. Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ (СНГ) метавонанд бе гирифтани патенти кор дар Россия на зиёда аз 90 рӯз дар 6 моҳ зиндагӣ кунанд. Дар 6 моҳ шумо чанд маротиба ба Россия рафтуомад дошта метавонед, аммо муҳлатии умумии будубоши шумо набояд аз 90 рӯз зиёд бошад.
Диққат кунед: ҳатман ихтисосеро дар патент нависед, ки мувофиқи он кор мекунед. Кор кардан бо ихтисоси дигар ва дар минтақаи дигар вайрон кардани қоида аст, ки барои он ҷарима пешбинӣ шудааст!
Муҳлати амали ҳуҷҷатҳои худро сари вақт дароз кунед! Регистратсия, корти муҳоҷират ва патенти муҳлаташон гузашта вайрон кардани қоида аст, ки барои он ҷарима ё эҳтимоли рондан аз кишвар пешбинӣ шудааст. Агар шумо айни ҳол кор намекунед ва асоси дигари монданатон дар Россия мавҷуд нест, бо вуҷуди ин маблағи патентро пардохт карда, муҳлати амали онро дароз кардан зарур аст.
Дар России миёнравони зиёди бевиҷдон (ташкилотҳо ё шаҳрвандон), амал мекунанд, ки ҳангоми тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ёрии пулакӣ пешниҳод мекунанд. Эҳтиёт кунед то фиреб нахӯред!
Барои ёрӣ ба “шахсони алоҳида” – ҳамшаҳриён, саркорон, ҳатто онҳоро шахсан шиносед ҳам, муроҷиат накунед: маҳз онҳо аксар вақт ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр мекунанд. Дар ёд дошта бошед, ки дар ҳолати ошкор шудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ маҳз шуморо ҷарима мебанданд ё ҳатто аз Россия меронанд! Ғайр аз ин миёнравҳо барои хизматҳое пул мегиранд, ки баъд маълум мешавад ройгон ё тамоман арзон будаанд. Фаромӯш накунед: ягон ташкилот ё шахси алоҳида ба ҷойи шумо ҳуҷҷат гирифта наметавонад. Ҳуҷҷатҳоятонро дар отделении по вопросам трудовой миграции УВМ МВД бояд ШАХСАН худатон гиред!